Мулоқоти Э.Раҳмон бо вакилони Парлумони САҲА
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)-ро, ки бо роҳбарии Ахтар Чаудри ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва бо кишвари Норвегия баррасӣ шуд.Аз ҳамкории Тоҷикистону САҲА, ки асосан дар 3 самт – сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Ахтар Чаудри изҳор дошт, ки САҲА минбаъд дастгирии Тоҷикистонро барои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон афзоиш хоҳад дод. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон баъд аз соли 2014, яъне пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар сарҳади тӯлонии худ бо ин кишвар танҳоӣ эҳсос нахоҳад кард.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия табодули назар карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






