Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алии Хоманаӣ

Август 31, 2012 07:20

Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот намуд.Бо изҳори хушнудӣ аз ҳамдилию ҳамбастагии амиқи давлатҳо ва мардумони Тоҷикистону Эрон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ миёни ду кишвар мувофиқ ба талаби рӯз ва имкону захираҳои мавҷуда рушд хоҳад кард.Пайвастагии мунтазами робитаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни роҳбарии ду кишвар омили муҳими густариши муносиботи ҳасана номида шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз дар Тоҷикистон 150 ширкати эронӣ кору фаъолияти босамар доранд.Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ чун ҷанбаҳои муҳимтарини робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дорои дурнамои умедбахш аст.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 31, 2012 07:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд