Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.Назорати пайвастаи рафти иҷрои санадҳои имзошуда ва қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба зарур шумурда шуд.Таъкид гардид, ки корҳо барои пайвастани роҳҳои оҳану мошингард, шабакаҳои барқии миёни ду кишвар ва ифтитоҳи хатсайри мунтазами ҳавоӣ чун василаи густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бояд тезонда шаванд.Ба имзо расондани Созишномаи тиҷоратии сеҷониба миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи чоргонаи Покистон-Чин-Қазоқистон ва Қирғизистон низ аз роҳҳои муассири густариши тиҷорат номида шуд.Зикр гардид. ки алҳол дар Тоҷикистон 12 корхонаи муштараки ду кишвар фаъолият мекунанд, ки ба дорусозӣ, истеҳсоли маснуоти оҳанӣ, коркарди пӯсти чорво ва тиҷорат машғуланд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили амнияти минтақавӣ, дурнамои авзои Афғонистони ҳамсоя ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






