Муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия афзоиш меёбад
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Туркия, Чин, Афғонистон Швейтсария, Русия ва Қазоқистон шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот ба шумор мераванд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи ҳаҷми умумии содирот ба кишварҳои хориҷӣ ҳиссаи Туркия 35,4 фоиз ва Чин 18,2 фоизро ташкил медиҳад. Ба кишварҳои зикршуда асосан молҳои металлургияи ранга, аз ҷумла, алюминийи хом ва нахи пахта фиристода мешавад. Дар нимаи аввали соли равон муомилоти мол байни Туркия ва Тоҷикистон беш аз 327 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 баробари 6,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти мол бо кишварҳои хориҷӣ Русия мартабаи аввалро дорад. Масалан, муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз моҳи январ то моҳи июли соли 2012 қариб 563 миллиону 400 ҳазор доллари Амрикоро ташкил дод. Аз моҳи январ то моҳи июли соли равон маблағи содироти амвол баробари беш аз 775 миллиону 100 ҳазор ва воридоти он баробари беш аз 2 миллиард доллари ИМА буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






