Муовини сарвазир дар Бадахшон
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 6-уми август муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бо кормандони бахшҳои иҷтимоии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва фаъолони шаҳр мулоқот намуд. — Ман аллакай бо намояндагони табақаҳои мухталифи аҳолӣ мулоқот доштам ва ҳамагон аз ҳодисаҳое, ки чанд рӯз қабл дар Хоруғ рух додаанд, изҳори нигаронӣ мекунанд ва талабгори онанд, ки ин қазия дар доираи қонун ҳал карда шавад,- гуфт ӯ. Муовини сарвазир ҳамчунин ёдовар шуд, ки Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар хеле рушд карда, обод гардид, симояшро дигар намуд ва акнун бояд истиклолияту дастовардҳои он чун гавҳараки чашм ҳифз шаванд.Мардуми Бадахшон меҳмондӯсту соҳибхирад аст ва барои ҳалли мушкилоте, ки имрӯз дорад, бояд хиради азалиро истифода кунад.Р. Қурбонова зиёиёнро даъват намуд, ки бо суханони созанда бояд ҳар шаҳрванди вилоят, бахусус сокинони шаҳри Хоруғро ба ободкорию созандагҳӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






