Мусобиқаи рафиқонаи Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз дар варзишгоҳи «20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии рафиқонаи футбол миёни дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маъмурияти вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи мусобиқа рушди дӯстиву рафоқат, вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар тамоми соҳаҳо, пеш аз ҳама дар риштаи варзиш мебошад. Ҷонибҳо азм карданд, ки минбаъд низ аз рӯи дигар намудҳои варзиш дар шаҳрҳои Исфараву Ботканд мусобиқаҳои рафиқона доир намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






