Мусодираи беш аз 63 кило маводи нашаъадор
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Аз ҷониби кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 63 кило маводи нашаъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира шуд.
Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Қурбон Нуриддинов, соли таваллудаш 1959, сокини деҳаи Асораки н.Шӯрообод, агрономи хоҷагии ҷангали ноҳияи Шурообод ва Тоҷиддин Назаров, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Кишти ҳамин ноҳия бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 5 адад борхалта, ки дар дохилашон 63 килою 245 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, татфиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






