Мусодираи яроқ идома дорад

Август 3, 2012 08:41

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯзҳо корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки чанде пештар вобаста ба содиршавии амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби афроди алоҳидаи ҷиноятпеша дар сархати расонаҳои хабарӣ ҷойи аввалро касб намуда буд, бо маром идома дошта, он омили асосии сулҳу осоиштагии рӯзгори мардум ба шумор меравад.Бо ин даъвату ҳидояти хирадмандона шумораи зиёди ҷавонони гумроҳзада яроқу лавозимоти ҷангии худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида, худро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намуданд.Аз ҷумла, нимаи рӯзи гузашта низ дар шаҳри Хоруғ яроқҳои вазнини ҷангӣ, аз қабили гранатамёти РПГ, гранатамёти «Муха», гулӯлаҳои гранатамёти серистифода, автомати Калашников, таппончаву снарядҳо, норинҷакҳои гуногунтамға, снарядҳои минамёт, ва дигар аслиҳаву лавозимоти ҷангӣ мусодира ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд ва худи ҳамон рӯз маротибаи дуввум боз як миқдори зиёди яроқу лавозимоти ҷангӣ, аз қабили автомати Калашников, таппончаи тамғаи Макаров, норинҷакҳои тамғаи ф-1, ргд-5 ва тирҳои гуногунтамға мусодира шуданд.Дар ин минтақаи дурдасти кишвар имрӯз вазъ комилан ором буда, аҳолии он баҳри таъмини волоияти қонун ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятиву пешгирии ҷинояткорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, дар халъи силоҳу таъмини оромӣ саҳми худро гузошта истодаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Август 3, 2012 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад