Мутахассисони тоҷик истифодаи нерӯи атомиро меомӯзанд
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 28 августи соли ҷорӣ маросими супоридани эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов ба Дабири кулли САҲА Ламберто Занниер баргузор гардид.Дар мулоқот, ки баъди супоридани эътимоднома сурат гирифт, Дабири кулл Намояндаи доимиро ҷиҳати таъйин гардиданаш ба ин вазифа табрик гуфта, аз сатҳи ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуд. Намояндаи доимӣ бо арзи сипос аз пазироии хеш изҳор дошт, ки барои давом додани ҳамкориҳои самаранок ва судманд миёни Тоҷикистон ва САҲА кӯшиш хоҳад кард.Сипас И. Насриддинов ва Л. Заниер роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА табодули назар намуданд. Худи ҳамон рӯз вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена И. Насриддинов бо Котиби иҷроияи Комиссияи тадорукотии Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ Тибор Тот ҷиҳати супоридани эътимоднома баргузор гардид. Баъди қабули эътимоднома Т.Тот аз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Тибор Тот зикр намуд, ки Созмон ҳар сол давраҳои гуногуни бозомӯзиро дар соҳаи истифодаи нерӯи атомӣ баргузор менамояд ва аз ин лиҳоз пешниҳод намуд, то ҷониби Тоҷикистон мутахассисони худро аз Академияи илмҳо ва дигар сохторҳои илмию тадқиқотӣ ҷиҳати иштирок сафарбар намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






