Музди меҳнати камтарин ва зиёдтарин аз кист?
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо вуҷуди он ки даромади пули аҳолӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,5 фоиз зиёд шуд, аммо дар баъзе бахшҳои воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати камтарин низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, кормандони соҳаи кишоварзӣ, шикор, ҷангалпарварӣ чун солҳои пеш бо камтарин музди меҳнат (130, 76 сомонӣ), баъдан моҳипарварон бо 296, 16 сомонӣ дар рӯйхати гирандагони камтарин музди меҳнат қарор доранд.Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ музди меҳнати аз ҳама баланд дар бахши воқеӣ дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо ба андозаи 1282,78 сомонӣ, дар сохтмон- 1299,69 сомонӣ, дар соҳаи энергетика, газ ва таъмини об -893, 93 сомонӣ қайд шудааст.Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати аз ҳама баланд миёни кормандоне, ки фаъолияти миёнаравҳои молиявиро иҷро мекунанд, ба андозаи 1834,68 сомонӣ, почта ва алоқа- 1746,48 сомонӣ, дар нақлиёт, хоҷагии анбор -1181, меҳмонхона ва тарабхонаҳо -1001,54 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






