Нақши Олмон дар татбиқи барномаҳои муҳим
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмон Дирк Нибел доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки ҷалби ширкатҳои бузурги Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар татбиқи лоиҳаву барномаҳои ҳаётан муҳим, рушди иқтисод ва тиҷорат, энергетика ва саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тандурустӣ, таҳсилоти касбӣ ва рушди инноватсия аз масъалаҳои калидӣ ва баррасишаванда дар мулоқоти Шариф Раҳимзода бо ҷаноби Дирк Нибел маҳсуб гардиданд. Дар анҷом ҷонибҳо атрофи нақшаю тадбирҳои мутақобилан судманд ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






