Нақши Тоҷикистон дар суботу амнияти Афғонистон муассир аст
Душанбе, 30 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо Ёвари Котиби Давлатии Америка оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк мулоқот доир намуд. Дар мулоқот Н. Шамсов оид ба масъалаҳои дуҷониба, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ҷонибҳо ва пайгирии натиҷаҳои машварати дуҷонибаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону ШМА, ки моҳи майи соли 2012 бо иштироки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Вашингтон барпо гардид, изҳори назар кард. Роберт Блейк зикр кард, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муҳими Осиёи Марказӣ барои Иёлати Муттаҳида аҳамияти хос дорад. Ӯ нақши Тоҷикистонро дар минтақа ҳамчун кишвари шарик ва ҷонибдори суботу амният дар Афғонистон муассир номид. Ҷонибҳо оид ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш миёни ду кишвар ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон табодули назар анҷом доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






