Наботи соҳибкор
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Соҳибкории истеҳсолӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад Ҳукумати кишвар ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Соҳибкор Набот Додихудоева аз шумули бонувони соҳибкорест, ки фаъолияти худро аз фурӯши молҳои ниёзи аввал, ки аз давлати ҳамсояи Қирғизистон меовард, оғоз бахшида, баъдан бо гирифтани қарзҳои бонкӣ тавонист фаъолияти соҳибкории худро равнақ бахшад. Чанд сол қабл Набот Додихудоева Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насим»-ро таъсис дод, ки фаъолияти асосии он аз коркарди мева, хусусан тут равона шудааст. Баҳри анҷоми ин корҳо дар шаҳри Хоруғ як сехи хурд фаъолият мекунад, ки дар он ҳафт нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Ин бонуи кордон ният дорад, ки фаъолияти соҳибкориашро боз ҳам васеътар намуда, аз аввали соли 2013 ба коркарди дигар меваҳои лазизи Бадахшон шурӯъ кунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






