Нафақа пардохт гардид
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки барои нафақагирон пешбинӣ шудааст, дар давоми моҳҳои январ- июли соли ҷорӣ ба андозаи 594 млн. 349,4 ҳазор сомонӣ ба бонки мазкур гузаронида шуд. Маблағи барои нафақа ва ёрдампулӣ пардохтшудаи «Амонатбонк» бо назардошти бақияи соли гузашта (25 млн.614,4 ҳазор сомонӣ) 606 млн. 892 ҳазор сомониро ташкил дод.Шумораи умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ то 1-уми августи соли 2012-ум 571 ҳазору 387 нафар ба ҳисоб гирифта шудааст ва ба ин шумора нафақахӯрони корманд, ки дар айни замон дар идораю ташкилот ва вазорату муассисаҳои гуногун фаъолият доранд, дохил нестанд.Оид ба пардохти нафақаю ёрдампулӣ аз ҳисоби маблағи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои «Амонатбонк» ҳаминро бояд гуфт, ки дар моҳҳои январ –июли соли 2012 пардохти ин навъи нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 дар ВМКБ ба андозаи 120,1 фоиз, вилояти Суғд-139,4, вилояти Хатлон -136, шаҳри Душанбе-123 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 130,8 фоиз иҷро гардидааст, бо вуҷуди ин як гурӯҳ нафақагирони вилоятҳои Хатлон ва Суғд аз нагирифтани нафақа шикоят доранд ва ин мавзӯъ мавриди санҷиш қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






