Намоиши маҳсулоти арзон дар Хоруғ

Август 29, 2012 08:41

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – 28 – уми август дар майдони марказии шаҳри Хоруғ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд, ки дар он деҳқонони навоҳии ВМКБ, Институти биологии Помир, Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, корхонаҳои саноатӣ, Ҷамъияти матлуботи вилоят, корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти чорво ширкат варзиданд. Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи нисбат ба бозор хеле арзон фурӯхта шуд. Чунончӣ, агар шакар дар бозор бо нархи 7,50 сомонӣ фурӯхта шавад, дар намоиш 5 сомонӣ, биринҷ дар бозор 8 сомонӣ, дар намоиш 5 сомонӣ фурӯхта шуд. Ба намоиш аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ баробари маҳсулоти дигари кишоварзӣ асали хуштаъм, аз Мурғобу Роштқалъа гӯшт, аз Рӯшону Шуғнон сабзавоту мева оварда шуд. Чунин намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ имкон медиҳад, ки бисёр оилаҳои камбизоат барои зимистон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, сабзӣ, орд, биринҷу равғанро бо нархи арзон харида, захира намоянд. Тавре ки аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, акнун то зимистон чунин намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ моҳе 2-3 маротиба ташкил мегардад.

Август 29, 2012 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад