Насби дастгохи гемодеолезӣ дар беморхонаи Кӯлоб
Кӯлоб, 29 август. ( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти вазъи хизматрасонии тиббӣ бо дастгирии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи вилоятии № 2 шаҳри Кӯлоб дастгоҳи муосири гемодеолезӣ ворид ва насб шуд, ки бо ин дастгоҳ беморони гирифтори бемории гурда ташхис ва табобат мешаванд. Дар ин муассисаи тиббӣ бо истифода аз ин шароит нахустин бемор аз ташхис гузаронида шуд. Солҳои пеш аз норасоии чунин таҷҳизоти муосири тиббӣ сокинон ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва хоричи кишвар сафар карда, дар муассисаҳои тиббии он ҷойҳо саломатии хешро барқарор мекарданд. Дар заминаи чунин дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ташхису табобат дар муассисаҳои тиббии шаҳри Кӯлоб вазъи хизматрасонӣ сол аз сол беҳтар мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






