Нелсон Манделларо мо низ ҷашн мегирем?
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дирӯз, 10 уми август Сафири тозаинтихоби фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Шириш Манаклал Сонӣ пас аз супоридани эътимоднома ва расонидани паёми Президенти Африқои Ҷанубӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи хабарнигорон сӯҳбати рӯбарӯ намуд. Сафир ибрози боварӣ намуд, ки дар ҳолати роҳандозӣ намудани имконоту иқтидори мавҷудаи ҳар ду кишвар мо заминаи мусоиди ҳамкориҳои сиёсиро ба даст хоҳем овард. Номбурда илова кард, ки бо татбиқи чунин имконият ва заминаҳои мусоиди ҳамкорӣ мо метавонем барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Шириш Манаклал Сонӣ гуфт, ки халқи тоҷик ва мардуми Африқои Ҷанубӣ муштаракоти зиёди фарҳангӣ доранд ва аз ин лиҳоз дар мӯҳлатҳои наздик мо «ҳафтаи Африқои Ҷанубӣ дар Тоҷикистон»-ро таҷлил хоҳем кард. «Соли оянда Иттиҳоди Африқо 50-умин солгарди таъсисёбии худро таҷлил менамояд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ садоратии Иттиҳоди Африқоро ба ӯҳда дорад.»- иброз дошт Шириш Манаклал Сонӣ. Номбурда илова намуд, ки дар пояи таҷлили ин ҷашн дар асоси қатъномаи СММ соли ояндаро ҳамчун соли бузургдошти Нелсон Манделла таҷлил хоҳем кард, ки тибқи ин қатънома 18-уми июл чун рӯзи бузургдошти Нелсон Манделла эълон гардидааст. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтаем, то ҷашнвораи ин пешвои бузурги Африқои Ҷанубиро дар Тоҷикистон низ таҷлил кунем. Сафир иттилоъ дод, ки мо азми қавӣ дорем, то дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ба хотири мусоидату пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон дафтари соҳибкории худро боз намоем.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






