Николае Уреке: «Рисолати аслии ман густариши ҳамкориҳои ду кишвар аст»
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз, 10-уми август Сафири тозаинтихоби фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Руминия дар Тоҷикистон Николае Уреке ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурд. Баъд аз супоридани эътимоднома ва мулоқот бо Президенти Тоҷикистон сафири навтаъйин бо доираи васеи хабарнигорони ватанӣ сӯҳбат намуд. Сафири Руминия гуфт, рисолати аслии ман аз интихоб гардиданам ба ҳайси сафир, ин тақвият ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Руминия мебошад ва имрӯз иқтидорҳои фарохе дар ин самт маҷуданд. «Имрӯз муносибатҳои сиёсии Руминия ва Тоҷикистон дар сатҳи лозима қарор дошта, ҳамкориҳои гуногунсоҳаи ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ аз дурнамои хуби равобити мо дарак медиҳанд.»- иброз дошт сафир.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






