Нишондиҳандаҳои истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Корхонаҳои соҳаи маводи сохтмони ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли равон фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра 26,6 млн. дона хишт, (6,8 миллион дона зиёд), 5,2 км шартӣ қубури асбестӣ, (0,3 км зиёд), 1,12 ҳазор метри мураббаъ тахтасанг, (274,3 м2 зиёд), 4,5 ҳазор тонна гаҷ, (0,2 ҳазор тонна зиёд), 213,8 тонна шпаклёвка, (163 тонна зиёд), 308,3 тонна ранг, (258,3 тонна зиёд), 150 ҳазор м2 шишаи сохтмонӣ, 6 ҳазор дона бомпӯши сементӣ, 122,1 ҳазор тонна семент, 132 ҳазор м3 қуму шағал истеҳсол шудааст. Дар ин давра 19,6 ҳазор тонна қуми квартсӣ ба маблағи 490,8 ҳазор доллари ИМА ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 5,7 тонна рангҳои ҳархела ба маблағи 2,8 ҳазор доллари ИМА ва 49,1 тонна андоваи минералӣ (шпаклёвка) ба маблағи 29,7 ҳазор доллари ИМА ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афғонистон содир гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






