Нобудсозии зиёда аз 300 кг маводи мухаддир

Август 13, 2012 10:14

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 10 августи соли 2012 дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ маросими сӯзонидани зиёда аз 300 кг маводи нашъадор, ки бештар аз 30 килои он героин, қариб 100 кило афюн ва зиёда аз 176 килограмм маводи мухаддири гурӯҳи каннабис буданд, баргузор гардид. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, ин миқдор мухаддирот аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар ҷараёни тадбирҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира шуда буданд. Нобудсозии маводи мухаддир дар печи махсуси РАНМН дар ВМКБ бо иштироки бевоситаи комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд, мутассадиёни РАНМН вилоят, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд.

Август 13, 2012 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад