Нуқтаи нави интиқоли маблағ дар Панҷакент
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Дар деҳаи Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент нуқтаи нави интиқоли маблағи бонки «Эсхата» дари худро барои 14 ҳазор аҳолии ин деҳот боз намуд. Тавре ки аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар»иттилоъ доданд, ин дувоздаҳумин нуқта дар ноҳияи Панҷакент буда, рӯзҳои наздик ифтитоҳи боз як нуқта дар назар аст.Рустам Тошбоев, масъули бонк шарҳ дод, ки феълан аксари бонкҳои ҷумҳурӣ навъи хизматрасонии интиқоли маблағро тавассути ташкили филиалу нуқтаҳо дар ноҳияҳои дурдаст рушд медиҳанд. Бо ин роҳ мушкилоти мардумро осон мекунанд, то маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирин сари вақт дастрас шавад.Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни як конфронси матбуотӣ изҳор дошта буд, ки аз интиқоли маблағ бонкҳо фоидаи ночиз мебинанд ва он барои корҳои рӯзмарраи фаъолияти бонк зуд харҷ мешавад, зеро дар Русия бонки интиқолдиҳанда ҳам қариб 60-70 фоизи хизмати комиссиониро мегирад. Зимнан бобати ҳаҷми маблағи интиқолдодаи муҳоҷирин дар Тоҷикистон рақами аниқ мавҷуд нест, зеро як миқдор маблағ бидуни 15 системаи бонкии пардохти интиқоли маблағ тавассути ашхоси воқеӣ ва тоҷирони алоҳида ирсол мегардад.Чунин тарзи интиқоли маблағи шахсӣ бештар дар шимоли ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ аст, ки идораи марказии бонки «Эсхата» дар он ҷо воқеъ мебошад,- хулоса намуд Рустам Тошбоев.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






