Оғози бозиҳои варзишии ҷавонон
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 15-16 сентябри соли ҷорӣ дар мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №4-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кишварии шиноварӣ байни наврасони солҳои таваллуди 1994-2001 ва ҷавонони солҳои таваллуди 1986-1993 гузаронида мешавад. Дар чорабинии варзишӣ аз шаҳри Душанбе 4 даста, аз вилоятҳои Хатлону Суғд 2 дастагӣ ва аз ноҳияи тобеи марказ 2 даста ширкат меварзанд. Ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғибу ташвиқи камонварӣ байни ҷавонон аз 20 то 24 сентябри соли 2012 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи кушоди камонварӣ барои дарёфти Ҷоизаи Зебунисо Рустамоваро мегузаронад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






