Оғози «Суруди-сол 2012»
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 3 то 5 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд нахустин фестивал-озмуни сурудҳои эстрадӣ таҳти унвони «Суруди сол- 2012» доир мешавад. Ин чорабинии бонуфузи фарҳангиро Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ созмон додаанд. Ҳадаф аз баргузории фестивал дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ситораҳои нав дар жанри эстрада, ташвиқи онҳо ва муттаҳид кардани ҷавонони тамоми минтақаи кишвар мебошад. Тибқи суханони директори фестивал, сармутахассиси Вазорати фарҳанг Олимҷон Солиев, дар озмун 20 нафар ғолиби даври интихобии озмун, овозхонони алоҳидаи сурудҳои эстрадӣ ва дастаи ҳунарии «Шестой такт», ки дар даври интихобии озмуни «Ситораҳои интервизион» ширкат доштанд, иштирок доранд. Ба ҳайати доварони фестивал — озмун кормандони варзида ва ходимони маъруфи фарҳанги ҷумҳурӣ шомиланд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






