Оғози таъмири роҳҳо
Ашт, 27 август. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мумфари кардани қисми роҳи Шайдон –Понғоз ва таъмири ҷории роҳи дохили маркази ноҳия ҷараён дорад. Баҳри иҷрои ин кор баъди он ки барои харидории 40 тонна маводи роҳсозӣ-битуми моеъ маблағ ҷудо гардид,соҳибкорон ва шаҳрвандони ҷамоати шаҳраки Шайдон, ҷамоати деҳоти Понғоз,барои харидории боз 40 тонна битуми моеъ саҳмгузорӣ намуданд. Маводи роҳсозӣ-битуми моеъ дар асоси шартнома аз ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Салоса»-и ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон харидорӣ ва дастрас шуд. Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт бо истифодаи имконият,маблағҳои мавҷудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, Вазорати нақлиёт, саҳми соҳибкорон таъмири қисматҳои вайроншудаи роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Ашт» низ амалӣ шуда истодааст. Лозим ба ёдоварист, ки роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Ашт» зиёда аз 45 сол пеш сохта шуда,ба таъмири пурра ниёз дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






