Оғози ярмаркаи мактабӣ дар пойтахт
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 16 ярмаркаи мактабӣ ба фаъолият оғоз намуд. Мутобиқи ин қарор ярмаркаҳо то 20-уми сентябр идома хоҳанд ёфт.Тавре ки котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иброз дошт, фурӯшгоҳҳо бо истифода аз масолеҳи сабуки ҷамъшаванда сохта шуда, дар онҳо либос барои толибилмон ва асбобу лавзимоти хониш ба фурӯш бароварда мешавад. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ин ярмаркаҳоро хадамоти оташнишонӣ, санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зист назорат хоҳанд кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






