О. Оқилов: «Корҳо дар нақби Шаҳристон мувофиқи нақшаанд»
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 4 июли соли равон сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби мошингарди Шаҳристон шинос шуд. Оқил Оқилов дар ҳар ду ҷониби нақб аз рафти корҳои сохтмонӣ, ҳамвор ва мумфаршнамоии роҳ, корҳои равшаннамоӣ, омодасозии таҷҳизоти ҳавотозакунанда ва корҳои таъмирию ороишӣ дидан карда, бо мутахассисон ва нақбканон сӯҳбат кард. Нақби Шаҳристон дуюмин нақби мошингард дар шоҳроҳи Душанбе-Шаҳристон-Хуҷанд-Чаноқ ба ҳисоб рафта, дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии халқии Хитой сохта мешавад. Дарозии нақби мазкур беш аз 5 200 метр буда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудан ҳаракати доимии нақлиёт ва пайванди пойтахти ҷумҳурӣ бо шимоли мамлакатро бемайлон таъмин менамояд. Дар анҷоми боздид дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва мутахассисони Ҷумҳурии халқии Хитой ситоди корӣ баргузор шуд. Тавре ки таъкид шуд, ҷараёни корҳо дар нақби Шаҳристон мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, бо суръати баланд идома доранд. Оқил Оқилов барои беҳдошти корҳои нақбканӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони он ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода таъкид кард, ки нақби Шаҳристон бояд дар мӯҳлати муқаррар гардида ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






