Олимпичиёни тоҷик ба ватан баргаштанд
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).-Шаби гузашта чемпиондухтари тоҷик Мавзуна Чориеваро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 1000 нафар мухлису ҳаводор ва хабарнигор истиқбол карданд. Мухлисон бо нидоҳои шодиомез ва бо шиорҳову овезаҳое, ки дар онҳо расми Мавзуна Чориева ва Расул Боқиев тасвир шуда буданд, дар саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меистоданд. Аммо танҳо Мавзуна аз дари фурудгоҳ берун шуду дигар ширкаткунандагон ба чашм нарасиданд. Дар ҳоле ки гуфта мешуд, олимпиадачиён ба ватан бармегарданд. Ҳарчанд аз сабаби зиёдии мухлисону дар иҳотаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ будани Мавзуна Чориева сӯҳбат бо ӯ мушкил буд, ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт: медале, ки ба даст овардааст, танҳо мансуби ӯ нест, балки мутааллиқ ба ҳашт миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба ӯ мухлисӣ мекарданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






