Омили муҳими рушди моҳипарварӣ
Суғд, 16 август. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Мувофиқи “Барномаи давлатии рушди моҳипарварӣ» дар мамлакат истеҳсоли моҳӣ соли 2015 бояд ба 14 ҳазор тонна расад. Дар вилояти Суғд манбаи асосии истеҳсоли моҳӣ обанбори Қайроққум буда, ҳоло аз ҷониби хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати барқарору афзоиши захираи моҳӣ дар обанбор корҳои амалӣ анҷом меёбанд. Барои ин парваришу тухмгузории моҳиро дар ҳавзҳои махсус ба роҳ монда, ҳамасола ду маротиба –тобистон ва тирамоҳ то як миллион моҳичаи ду-чор моҳаро ба обанбор сар медиҳанд. Имсол шумораи моҳичаҳо дар ҳавзи махсус- инкубатор наздик ба 9 миллион адад аст. Зери назари мутахассисони раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба обанбор боз 300 ҳазор дона моҳичаи думоҳа сар доданд ва ин тадбир идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






