Ошкорнамоии вайронкунии қоидаҳои роҳ дар Хоруғ
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рейди махсус доир шуда, як силсила вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани рейд 1 далели идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 20 далели бе иҷозатнома сиёҳ намудани шишаҳои воситаҳои нақлиёт, 2 далели идораи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, 15 ҳолати идораи воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 4 далели аз меъёри муқарраргардида баланд намудани суръати ҳаракат, 2 ҳолати идораи нақлиёт бе муоинаи техникӣ, 3 далели вайрон кардани қоидаи мусофиркашонӣ ва дигар қонуншиканиҳо ошкор ва бартараф шуданд.Бартараф намудани чунин ҳолатҳо дар ин минтақаи дурдасти мамлакат кафили пешгирии содиршавии садамаҳои нохуши нақлиётӣ, таъмини низому тартибот ва амнияту осоиштагӣ дар роҳу шоҳроҳҳо ва хиёбонҳо буда, дар ошкору пешгирии ҷинояту қонуншиканӣ низ таъсири ҷиддӣ мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






