Панҷ бозингар тарки «Равшан» намуданд
Душанбе, 24 август.(АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Тавре ки аз Маркази клуби футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ҳамоно якчанд бозингар тарки ин клуб кардаанд.Пеш аз оғози даври дуюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ муҳофизатгар Далер Шомуродов ва ҳамлагар Фозил Сатторов клуби «Равшан»-ро тарк намуда, ба клуби «Хуҷанд» гузаштанд. Эраҷ Холов ва Ҳикмат Расулов нимаи дуюми мусобиқотро дар дастаи «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода сипарӣ мекунанд. Ҳусейни Моҳрухии эронӣ, ки аз мақоми худ дар ин клуб норозӣ буд, ба ватанаш баргаштааст.Тавре ки яке аз бозингарони дастаи «Равшан» хабар дод, дастаи футболи шаҳри Кӯлоб дар фасли тобистон ягон машқи таълимию тамринӣ нагузаронидааст.Хотирнишон месозем, ки роҳбарони дастаи «Равшан» дар аввали мавсим борҳо изҳор доштанд, ки имсол нияти ба даст овардани медалҳои тиллоиро доранд. Ин даста баъди даври якуми мусобиқот мақоми дуюмро касб намуда ва аз пешсафи мусобиқот дастаи «Регар-ТадАз» ҳамагӣ як хол камтар дорад.Вохӯрии аввали дастаи «Равшан» дар даври дуюми мусобиқот 1 сентябр бо дастаи «Хуҷанд» сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






