Пармакунии озмоишии қабатҳои конҳои нафту газ

Август 8, 2012 15:18

Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар айни замон дар 4 майдони ояндадор корҳои пармакунӣ ва озмоишии қабатҳои маҳсулдор идома дорад. Умқи лоиҳавии майдони Маҳрам 4800 метр буда, то имрӯз 440 метри он парма шудааст. Дар майдони Олимтойи шарқӣ то жарфи ниҳоии 3765 м. парма шудааст. Ҳоло дар дохили чоҳ корҳои таҳкиқотию озмоишӣ оид ба мавҷудияти захираҳои нафту газ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Маблағгузорӣ ва пармакунии ин чоҳро ширкати «Кӯлоб Петролеум Лимитед» амалӣ менамояд. Пармакунӣ ва маблағгузории чоҳи № 1 майдони «Қӯрғонтеппа» — ро низ ширкати «Кӯлоб Петролеум Лимитед» анҷом медиҳад. Умқи лоиҳавии ин чоҳ 2865 метр мебошад. То ин дам ин чоҳ то умқи 2655 метр парма шудааст ва тибқи барномаи ширкати «Кӯлоб Петролеум Лимитед» корҳои пармакунӣ то 3500 метр давом дода мешаванд. Майдони Сариқамиш аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» парма шуда истодааст. Чуқурии лоиҳавии ин чоҳ 6300 метрро ташкил медиҳад. То 6 – уми августи соли ҷорӣ чуқурии ин чоҳ 4808 метрро ташкил медод. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 8, 2012 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!