Партовҳои сахти маишӣ коркард мешаванд
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар миқёси ҷумҳурӣ 65 адад партовгоҳҳои сахти маишӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади ташкилу коркарди ин партовҳо КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» лоиҳаи инвеститсиониеро таҳия намуд, ки он аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфтааст,- иброз дошт сардори маркази матбуоти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Саидмаҳмуд Cаидҳамидов ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар айни замон безараргардонии партовҳо дар Душанбе, Хуҷанд ва Ёвон ба роҳ монда шуда, дар дигар партовгоҳҳо қисман ташкил карда шудааст.Дар вилояти Хатлон аз 22 корхонаи коммуналӣ танҳо 18-тои он дорои партовгоҳ аст.Баҳри иҷрои супориши Ҳукумати ҶТ аз 16-уми июли соли 2010 «Доир ба ҷудо намудани замин барои ташкили партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Шаҳритус ва Носири Хисрав», танҳо дар ноҳияи Бохтар замин барои партовгоҳ ҷудо карда шудаасту халос.Чунон ки дида мешавад, макомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои зикршуда дар иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳлангорӣ зоҳир мекунанд, ки он боиси кашолкорӣ дар ҷудо намудани замини партовгоҳҳо мебошад.Дар вилояти Суғд бошад аз аз 17 корхонаи коммуналӣ 11-тои он ҳуҷҷатҳои худро барои ҷудо намудани замини партовгоҳ омода сохта, боқӣ 6 корхонаи коммуналӣ то имрӯз сертификати истифодабарии замини партовгоҳро надорад, ки ин боиси нигаронии роҳбарияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» гардидааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






