Пастравии нарх дар бозори истеъмолӣ
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). -Тибқи иттилои Агентии омори назди Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахрҳои истеъмолӣ 102,5 фоиз. аз ҷумла молҳои озуқа 99,5, молҳои ғайриозуқа 103,9, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 112,6 фоизро ташкил кард. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,4 фоизро ташкил додааст. Ба пастравии сатҳи таваррум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта асосан пастравии нархи молҳои озуқа- 5 фоиз таъсир расонид. Истеҳсоли молҳои ғайриозуқа дар нимсолаи якуми соли 2012 3,9 фоиз боло рафтааст ва нарху таърифҳои хизмати пулакӣ, ки ба аҳолӣ расонидаанд, 12,6 фоиз қимат шудааст.Ҳамчунин индекси нархҳои истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти саноатӣ 106,8, маҳсулоти истихроҷи канданиҳои фоиданок 103, истеҳсолоти коркард 103,7 истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об 120,9 фоизро ташкил мекунад.Болоравиии нархҳо дар истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ ба болоравии нархи истеҳсолиӣ, аз ҷумлаи семент 23,1, маҳсулоти бетонӣ 7,7, хишти cохтмонӣ ва бомпӯши сафолӣ 4,9 фоизро ташкил додааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






