Пешгирии бемории сил ва инъикоси он дар ВАО
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 23-24-уми августи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Меркурий» давраи омӯзишии амалӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси масоили пешгирию назорати бемории сил ва шаклҳои гуногуни он дар ВАО» баргузор мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, мақсади баргузории тренинг ба рӯзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии масоили шаклҳои мутобиқгаштаи сил дар ВАО мебошад. Зимнан такмили малакаи журналистон дар таҳияи маводи чопию онлайнӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба ин мавзӯъ ва баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқию ахлоқии бозтоби он дар ВАО, инчунин густариши ҳамкории рӯзноманигорон бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил ва созмонҳои байналмилалие, ки дар ин бахш кор мекунанд, барномарезӣ шудааст. Иштирокдорон ва коршиносони давраи омӯзишӣ роҷеъ ба ҷанбаҳои тиббии шаклҳои мутобиқгаштаи сил ва роҳҳои муолиҷаи он, пешгирии паҳншавии бемории сил дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва миёни муҳоҷирони меҳнатию кӯдакон, зарурати таъмини соҳаи тандурустии кишвар бо мутахассисони силшинос ва дигар масоили мубрам табодули назар мекунанд. Ба ҷуз ин, рӯзноманигорон бо табобатгирандагон ва шифоёфтагони шакли мутобиқгаштаи сил мусоҳиба меороянд. Тренинг аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон — асри XXI» бо дастгирии Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ, сил ва табларза созмон дода шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






