Пирӯзии Мавзуна дар Лондон-2012
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Варзишгари тоҷик Мавзуна Чориеваи 19-сола дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 60 кг дар бозиҳои Лондон-2012 пирӯз шуд ва ӯ ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ мешавад. 6-уми август Мавзуна бо Ченг Донги 25-сола аз Чин, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум) рақобат кард. Бо вуҷуди он ки қади Ченг Донг нисбат ба Мавзуна 17 сантиметр баландтар буд (қади Чориева 1 м 60 см мебошад), дар ин қувваозмоӣ муштзани тоҷик кӯшиш кард, ки зарбаҳояш ба ҳадаф расанд. Қувваозмоии пуршиддат бо пирӯзии Мавзуна Чориева аз рӯи холҳо бо ҳисоби 13:8 (2:2, 2:1, 4:3, 5:2) поён ёфт. Хотиррасон мекунем, ки 8 августи соли ҷорӣ дар даври нимниҳоӣ Мавзуна Чориева бо Кэт Тейлор, варзишгар аз Ирландия қувва меозмояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






