Рӯзи Иди саиди Фитр муайян шуд
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Иди саиди Фитр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонӣ мувофиқи ҳисоби тақвимӣ 19 августи соли 2012 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси шӯъбаи равобити хориҷии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Атовулло Қосимов иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки қарори марбутаи таҷлили Иди саиди Фитр имрӯз дар ҷаласаи васеи Шӯрои уламои кишвар бо ҳузури аъзои Шӯрои уламо, намояндагони Кумитаи корҳои дин, сархатибони вилоятҳои Суғду Хатлон, имомхатибони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Бо Қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ 19 август соати 7. 30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеаи кишвар намози иди саиди Фитр хонда мешавад.Ҳамзамон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа масъалаи мушаххас кардани ҳаҷми закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум кард. Бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, агар тавони молӣ ва пасандози солонаи фард ба 3 ҳазору 480 доллар ё худ ба 16 ҳазору 878 сомонӣ баробар бошад, метавонад 87 доллар ё 422 сомонӣ ба мардуми ниёзманд бидиҳад.Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ барои ҳар нафар ба қиммати гандум 3 сомонӣ муайян шудааст ва ба шахсе воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






