Рӯзноманигорон инъикоси масъалаҳои бемории силро меомӯзанд
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Рӯзи дуюм аст, дар толори меҳмонхонаи «Меркурий»давраи омўзишӣ-амалӣ барои рўзноманигорон таҳти унвони «Инъикоси масоили пешгирию назорати бемории сил ва шаклҳои гуногуни он дар ВАО» баргузор мегардад. Дар тренинг 15 корманди садою симо, хабаргузорӣ ва нашрияҳои даврии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ ширкат доранд.Мақсади баргузории он ба рўзноманигорон омӯзонидани инъикоси касбии масоили шаклҳои мутобиқгаштаи сил дар ВАО мебошад. Имрӯз тибқи барнома нишасти хабарӣ бо иштироки муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов, менеҷери Барномаи зидди сили Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон Тимур Аптекар ва дигар масъулини мақомоти давлатию созмонҳои байналмилалӣ доир гардид.Хотирасон менамоем, ки тренерони ин чорабинӣ сарвари мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон — асри XXI» Сафо Сафаров ва сардори маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ Фотима Ғоибова мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






