Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон доир гардид. Дар Анҷуман рассомони моҳири тоҷик ва масъулини соҳа ширкат доштанд. Зикр шуд, ки ҳадафи ҷамъомад таҳлилу баррасии фаъолияти Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи он, инчунин интихоби раиси ин Иттифоқ мебошад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Вафо Назаров оид ба фаъолияти Иттифоқ дар давраи аз 21-уми январ то 24-уми августи соли ҷорӣ гузориш дод. Иштирокдорони ҷаласа 15 нафар рассоми собиқадори соҳаро ба ҳайати раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамчунин се тан аз таҷрибадарони соҳа ба ҳайати комиссияи тафтишотии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон баргузида шуданд. Аз ҷониби ҳайати 15-нафараи раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамчунин ин ҳайат роҳбарони шӯъбаҳои Иттифоқи рассомони вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Истаравшанро муайян намуданд. Маврид ба зикр аст, ки алъон ба ҳайати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 176 нафар шомиланд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






