Рушди ҳамкориҳо бо Озарбойҷон
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баргузор гардид. Аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот Шариф Раҳимзода рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард. Аббосалӣ Гасанов дар навбати худ иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард. Иқтисод ва тиҷорат, ҷалби сармоягузорони озарӣ дар рушди соҳаҳои мухталиф, ташкили корхонаҳои саноатӣ, инчунин баргузор намудани бизнес- форумҳо бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ мавзӯъи калидии мулоқоти Шариф Раҳимзода бо Аббосалӣ Гасанов буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






