Рушди муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон

Август 10, 2012 14:48

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи Озарбойҷону Тоҷикистон дар бахши иқтисоду сармоягузорӣ, инчунин нақшаҳои минбаъдаи рушди онҳо дар ҷараёни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо сафири Озарбоҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баррасӣ гардид.Д. Саидов изҳор дошт, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бой дар соҳаҳои гидроэнергетика, маъданҳои кўҳӣ, кишоварзӣ ва ғайра мебошад, ки ин барои сармоягузорон заминаи ҷолиб ва фоидаоварро ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти сармоягузорӣ фароҳам месозад.Зикр шуд, ки новобаста аз имкониятҳои зиёд ва иқтидорҳои бузург ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни доираи соҳибкорони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ҳиссаи сармояи мустақими ҷониби озарбойҷонӣ дар иқтисодиёти мамлакат хеле кам аст. Сафир аз ин воқеият нигаронӣ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои фазои муфиди иқтисодиву сиёсӣ ва имкониятҳои фаровон барои таъмини фаъолияти босуботи сармоягузорӣ мебошад ва барои ҷалби сармоягузорони Озарбойҷон, ки дар айни замон дар ҷустуҷўи бозорҳои нав ҳастанд, бояд дар ҳамкорӣ бо Кумита тадбирандешӣ кард.Аз ҷумла, ҷиҳати огоҳонидани доираи васеи соҳибкорони Озарбойҷон аз муҳит ва имконияту иқтидорҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе бо даъвати сармоягузорони Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкили анҷумани сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон мувофиқи мақсад мебошад.

Август 10, 2012 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!