Саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир назаррас аст

Август 28, 2012 09:53

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо Ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ Уиллям Браунфилд мулоқот намуд. Дар мулоқот дипломати тоҷик гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мубориза бар зидди маводи мухаддир бо назардошти хатари он ба ҷамъият ва амнияти кишвар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва бо ин мақсад бо кишварҳои дӯст, аз ҷумла ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст. Ӯ вазъи имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаро дар ин соҳа қаноатбахш арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки ҳарду ҷониб барои рушди он тавон ва имкониятҳои бештар доранд. Уилям Браунфилд дар навбати худ изҳор кард, ки имрӯз ИМА ҳамкориашро бо Тоҷикистон дар самти таҳкими амнияти сарҳадӣ бо Афғонистон ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир идома медиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир назаррас аст. Дипломати амрикоӣ илова кард, ки ҷиҳати вусъати минбаъдаи ҳамкории самарабахши дуҷониба ҷониби америкоӣ дар доираи фаъолияти барномаҳои худ кӯмакашро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад.

Август 28, 2012 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад