Сафири нави Фаронса: «Ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият медиҳем»
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дирӯз, 10-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Тоҷикистон Дидие Леруа эътимоднома қабул кард. Сафири навтаъйин пас аз супоридани эътимоднома ба Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, барои ман ифтихори бузург ва боиси сафарозист, ки роҳбарият ва Ҳукумати Фаронса маро ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон интихоб намудаанд.
Сафири Фронса изҳори итминон намуд, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор иртиботи сиёсиву иқтисодӣ ва фрҳангии байни ду кишвар инкишофу густариш хоҳанд ёфт.Инчунин, Сафир аз истиқболи гарми ҷониби Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид намуд, ки барои рушду тақвияти ҳамориҳои Тоҷикистону Фаронса ҷаҳд хоҳад кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






