Сафирони нав ба тавсеаи ҳамкориҳо ҳавасманданд

Август 10, 2012 20:02

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Япония, Руминия ва Ордени Малта эътимоднома қабул намуд. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи мулоқоти худ бо сафирон роҷеъ ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои фавқуззикр ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки алъон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф бо кишварҳои номбурда заминаи мусоид фароҳам омадааст ва бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда бояд равобити Тоҷикистон бо ин кишварҳо тақвият дода шавад.   Сафирони фавқуллодда ва мухтори ҷамоҳири Туркманистон, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ,Япония,  Руминия ва Ордени Малта Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунониданд, ки тамоми кӯшишҳои худро дар самти рушди ҳамкориҳои минбаъда бо Тоҷикистон ба харҷ хоҳанд дод.

Август 10, 2012 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад