Санҷиши 210 субъекти хоҷагидор
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хадамоти назорати истифодаи амволи давлатӣ дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ҳолати нигаҳдорӣ, истифодабарӣ, риояи тартиби ба иҷора додан, фурӯш ва аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии 210 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудӣ ва норасоии мавҷуда ба ҳар кадоми он хулосаи санҷишро пешниҳод намуд,- иброз дошт муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Анвар Наҷмиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».Тибқи маълумоти расмӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 233 ҳазору 337 адад субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30-юми апрели соли ҷорӣ лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, ки айни замон мавриди амал қарор дорад. — «Кумита дар фаъолияти худ баҳри бунёди фазои мусоид, рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббуси соҳибкорон диққати ҷиддӣ дода, дар таҳияи қарору қонунҳо ва соддатар намудани онҳо ҷиҳати рушди соҳа саҳми арзанда дорад»,-тазаккур дод А. Наҷмиддинов.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






