Се бозӣ мавқуф гузошта шуд
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷаласаи раёсати Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки се бозии мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ оид ба футбол ба вақти дигар гузаронида шавад. Ба манзури омодагии пурра ба мусобиқаҳои расмии ҷаҳонӣ ва бинобар иштироки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар вохӯрии рафиқона бо дастаи мунтахаби Қатар 6 сентябр дар шаҳри Мюнҳени Олмон, ҳамчунин мутобиқи тартиби гузаронидани мусобиқоти Тоҷикистон дар соли 2012, раёсати Кумитаи иҷроия қарор дод, ки бозиҳои мусобиқоти ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои лигаи олӣ ба мӯҳлатҳои зерин гузаронида шаванд: «Равшан»- «Хуҷанд»- аз 1 сентябр ба 31 август. «Зарафшон»-«Истиқлол»- аз 8 сентябр ба вақти дертар. «Истиқлол»- «Хуҷанд»- аз 17 сентябр ба вақти дертар. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






