Семинари кормандони соҳаи бонк

Август 30, 2012 14:55

Душанбе, 30 август.(АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- 28 август дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза дар мавзӯи «Консепсияи фаъолияти Раёсати қарздиҳӣ ва ҳамкории он бо ниҳодҳои молиявӣ. Тартиби қарздиҳӣ бо истифода аз иттилооти Раёсати қарздиҳӣ» анҷом ёфт. Семинарро Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар доираи лоиҳаи таҳким бахшидани инфрасохтори молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон доир намуданд, ки онро Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ менамояд. Дар ин бора аз намояндагии ҳамкории Швейтсария бо кишварҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони созмондиҳандагони семинар, мақсади асосии он иборат аз омодагии кормандони ниҳодҳои молиявӣ ба иҷрои кор бо Раёсати қарздиҳию иттилоотии Тоҷикистон, ҳамчунин такмили донишҳои кормандони соҳаи бонк ба манзури таҳия ва таҳлили маълумоти мухталиф дар дохили ниҳодҳои молиявӣ мебошад.

Август 30, 2012 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш