Шоҳмотбозони тоҷик дар Истанбул
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Шурӯъ аз имрӯз дар шаҳри Истанбули Туркия олимпиадаи шоҳмот миёни занону мардон бо иштироки варзишгарони тоҷик оғоз гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар муаррифӣ менамояд. Аксари варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ширкат мекунанд, ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои Осиёиянд. Дастаи шоҳмотбозони кишварро Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев, Фаррух Амонатов, Соҳиб Ҷӯраев, Ҷамшед Исоев, Илҳом Юнусов; миёни бонувон Надежда Антонова, Марворид Насриддинзода, Мутрибаи Илҳом, Саодат Одинаева ва Лидия Антонова намояндагӣ мекунанд.Тавре ки итттилоъ доданд, варзишгарон пеш аз оғози мусобиқа дар шаҳри Истанбул тамрин кардаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






