Шумораи аҳолӣ меафзояд
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Мақомоти сабти санадҳои ақди никоҳи шаҳрвандии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2012 –ум 92 ҳазору 500 нафари таваллудшуда ва 17 ҳазору 900 нафари фавтшударо ба қайд гирифтаанд, ки 1 ҳазору 400 нафари онҳо кӯдакони синнашон то яксоларо ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, тайи давраи зикршуда теъдоди аҳолии Тоҷикистон 7 миллиону 565 ҳазор нафарро ташкил дода ва нисбат ба соли 2000-ум баробари 23 фоиз афзудааст. Шумораи аҳолӣ асосан аз ҳисоби таваллуд зиёд шудааст. Теъдоди аҳолии шаҳрҳо баробари 379 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. То имрӯз дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ 27 фоизи аҳолӣ ва дар деҳот 73 фоизи онҳо умр ба сар мебаранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






