Содироти маҳсулоти ватанӣ меафзояд

Август 14, 2012 10:40

Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Содироти мол ба хориҷи кишвар аз омилҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар маҳсуб мешавад. Инро ба инобат гирифта, корхонаҳои соҳаи маводи сохтмони ҷумҳурӣ фурӯши якчанд намуди масолеҳи сохтмониро берун аз кишвар ба роҳ мондаанд. Дар 7 моҳи соли ҷорӣ 104,5 тонна ранг, 291,3 тонна андоваи минералӣ (ғӯрагаҷ), 23,2 тонна таҳранг ба маблағи 1 миллиону 186 ҳазору 549 сомонӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 39,7 ҳазор тонна қуми квартсӣ ба маблағи 4 миллиону 765 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир карда шуд.

Август 14, 2012 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд