Сохтмони иншооти ҷашнӣ дар арафаи анҷомёбист
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Вазорати тандурустӣ ба таҷлили 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Ба муносибати ин санаи таърихӣ вазорат соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон сохтмони ду иншоотро ба нақша гирифта буд, ки он дар арафаи анҷомёбист.Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, ҷиҳати татбиқи ин мақсад Вазорати тандурустӣ барои сохтмони беморхонаи деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ ба маблағи 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ ва барои Шӯъбаи ҷарроҳӣ ва таваллудии беморхонаи марказии ноҳияи Ҷилликӯл 2 млн. 570 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст, ки дар маҷмӯъ 4 млн. 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.То имрӯз аз ҷониби пудратчиёни иншооти ҷашнӣ ба маблағи 3 млн. 113 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ва харидории таҷҳизоти тиббӣ ба сомон расидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






